Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба таваҷҷуҳ мерасонад, ки шоми 25 сентябри соли равон шаҳрванди Тоҷикистон Усмонов Шерхон Маҳмудҷонович, пас аз чанд моҳи будубош дар Абхазистон, дар натиҷаи ёриву мусоидатҳои лозима имкон пайдо кард, ки вориди шаҳри Сочии вилояти Краснодар шавад.
Чанд моҳ пеш, Шерхон, ба мақсади дароз кардани муҳлати иқомат дар Россия, аз қаламрави он кишвар ба Абхазистон рафта, аммо дар роҳи бозгашт муваффақ нашуд, ки вориди Россия гардад.
Дар натиҷаи тамосу гуфтушунидҳои пайвастаи кормандони Сафорат, аз ҷумла кормандони бахши консулӣ бо дастандаркорони мақомоти дахлдори Россия, ахиран, барои ба Тоҷикистон баргаштани шаҳрванди Тоҷикистон тавассути қаламрави Россия - шаҳри Сочи иҷоза дода шуд.
Дар фурсатҳои наздик Усмонов Шерхон (ӯ 26 сол дошта, бошандаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мебошад) аз Сочи ба Душанбе фиристода хоҳад шуд.
Сафорат бори дигар аз тоҷикистониёни муқими Россия даъват ба амал меорад, ки ҳангоми сафар ба ин ё он кишвар (ба хусус, ба мақсади дароз кардани муҳлати будубош дар Россия бошад), ноогоҳона ва беэътиборона кор нагиранд.
Пеш аз ҳама бояд донист ва боварӣ ҳосил кард, ки ҳини сафар ва бозгашт аз ин ё он кишвар ба Россия, тибқи муқаррароти мавҷудаи Россия мушкиле эҷод намешавад. Дар акси ҳол, кишвари дигареро бояд интихоб кард, то дар сурати ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шудан ҳангоми вуруд ба Россия ё иҷоза нашудан, имкони бозгашт ба Ватан мавҷуд бошад. Агар не, душвориҳо пеш омада, пайомадҳои номаълум ва нофаҳмиву нигарониҳоро ба бор хоҳад овард.
Гузашта аз ин, муроҷиати такрор ба такрор, кормандони Сафорат ва мақомоти дигари расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳолати ногувор мегузорад. Зеро, ҳар бор, аз ҷониби масъулини мақомоти дахлдори Россия нодонӣ ва беэътиноии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳуқуқ ва қоидаҳои будубош дар кишвари иқомат таъкид мегардад.
Хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия |