Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба таваҷҷӯҳ мерасонад, ки дар натиҷаи гуфтушуниду пайгириҳои пайвастаи кормандони Сафорат, аз ҷумла кормандони бахши консулии он, бо масъулини мақомоти дахлдори Россия ду тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон, Абдуллоев Нурилло Ғайбуллоевич (12.04.1980 дар ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфараи вилояти Суғд таваллуд шудааст) ва Иброҳимов Суннатулло Маҳмадрауфович (01.05.1989 дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба дунё омадааст) аз Абхазистон тавассути қаламрави Федератсияи Россия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд (дар акси боло: аз тарафи чап Абдуллоев Н. ; дар акси поён : аз тарафи рост Иброҳимов С.).
Онҳо, субҳи имрӯз, яъне 21 августи соли равон, тавассути ҳавопаймои ширкати «Тоҷик Эйр» (парвози №4804) аз Сочи ба Душанбе фиристода шуданд.
Тоҷикистониёни ёдшуда, ки қаблан аз ҳудуди Россия ба Абхазистон ворид шуда мехостанд боз ба Россия баргарданд, ба иллати аз сӯйи мақомоти марзбони Россия иҷозаи вуруд наёфтан, маҷбур шуданд то 6 моҳ дар Абхазистон бимонанд.
Саъю талошҳои Сафорат ва иқдоми хайрҳоҳонаи мақомоти дахлдори Федератсияи Россия боис шуд, то ба Абдуллоев Н. ва Иброҳимов С. ба хотири бозгашт ба Тоҷикистон, ба таври истисно, иҷозаи убурӣ (транзит) дастрас гардад.
Сафорат, зимни изҳори сипос аз мақомоти дахлдори Федератсияи Россия, ин иқдоми неку хайрхоҳонаи онҳоро, ки бино ба хоҳишу дархости ҷониби тоҷикистонӣ сурат гирифт, намунае аз сатҳи хуби ҳамкориҳо ва ҳусни тафоҳуми мавҷуда дар равобити дуҷониба, ба вежа, миёни сохторҳои алоҳидаи ду кишвар арзёбӣ мекунад.
Гузашта аз ин, Сафорат, ба масъулини созмонҳои тоҷикони шаҳри Сочии вилояти Краснодар, ба хусус ба Миров Фаррух Ҷонибекович ва Ғуломов Ҳасан Музаффарович барои мусоидат дар ҳалли мусбати ин масъала сипосгузор аст.
Сафорат, бо дарназардошти талабот ва назокати масъалаҳои вобаста ба вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Федератсияи Россия, бори дигар аз тоҷикистониёни муқими Россия даъват ба амал меоварад, ки ҳангоми сафарҳои хусусӣ ва хидматии худ ба кишварҳои дигар, бо таваҷҷӯҳ ба мавқеи ҷуғрофии онҳо кор бигиранд.
Ҳангоми сафар ба ин ё он кишвар, агар ба мақсади дароз кардани муҳлати будубош дар Россия бошад, пеш аз ҳама бояд донист ва боварӣ ҳосил кард, ки ҳини бозгашт аз он кишвар ва вуруд ба Россия, тибқи муқаррароти мавҷудаи Россия мушкиле эҷод намешавад. Дар акси ҳол, кишвари дигареро бояд интихоб кард, то дар сурати пеш омадани ин ё он мушкил ҳангоми вуруд ба Россия ё иҷоза нашудан, имкони бозгашт ба Ватан мавҷуд бошад. Агар не, мушкилу сарсониҳо пеш омада, пайомадҳои номаълум ва нофаҳмиву нигарониҳоро ба бор хоҳад овард.
Аз сӯйи дигар, муроҷиати такрор ба такрор, ба сабаби аз доираи муқаррароти ҷорӣ берун будан, Сафорат ва мақомоти дигари расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳолати ногувор мегузорад. Зеро, ҳар бор, масъулини мақомоти дахлдори Россия бо ишора ба надонистани ҳуқуқ ва қоидаҳои будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишвари иқомат (беэътиноӣ ба тақдири бозгашти худ), таъна мекунанд.
Хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия |