Даргузашти академик Муҳаммадҷон Шакурӣ
17 Сентября 2012

 

16 сентябри соли равон, донишманди шинохтаи тоҷик, муаллифи асарҳои гаронарзиши «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад», «Хуросон аст ин ҷо», «Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист», «Садри Бухоро», «Равшангари бузург», «Фитнаи инқилоб дар Бухоро», барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, бар асари беморӣ, дар шаҳри Душанбе аз ҷаҳон даргузашт.

Маросими видоъ бо устод Шакурӣ имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, ӯ дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда хоҳад шуд.

Муҳаммадҷон Шакурӣ соли 1925 дар хонадони Шарифҷон Махдуми Садри Зиё – қозикалони Аморати Бухоро ба дунё омада,  пас аз хатми Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе (1945) ба сифати муаллим дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб (1946-1947) ва дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе (1947-1953) кор кардааст. Ӯ соли 1958 рисолаи номзадӣ ва соли 1971 рисолаи доктории худро дар бахши адабиётшиносӣ дифоъ намудааст. Устод Шакурӣ тайи 60 сол дар Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолияти пурсамаре дошта, муаллифи беш аз 500 мақола ва 45 асари пажуҳишӣ мебошад ва дар навиштаҳояш сарнавишти забону адаб ва фарҳанги тоҷикӣ дар дарозои таърих баррасӣ гардидааст. Ӯ яке аз муаллифони «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ва аз ҳаммуаллифони пешнависи қонун «Дар бораи забони давлатӣ» мебошад.

Кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба аҳли хонавода, наздикону пайвандон ва ҳамкорону шогирдони донишманди фарзона, устод Муҳаммадҷон Шакурӣ изҳори ҳамдардӣ намуда, барояшон аз даргоҳи Худованди мутаол сабри ҷамил хоҳонанд.

 

 
   

Новости   Контакты   Ссылки Вверх