Боздиди Сафири Тоҷикистон аз Иваново
11 Сентября 2012

 

Сафири Тоҷикистон А. Достиев ва губернатори вилояти Иваново М. Мен пеш аз оғози Ҳамойиш

7-8 сентябри соли равон, Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Абдулмаҷид Достиев, бино ба даъвати губернатори вилояти Иваново ҷиҳати ширкат дар 7-ин Ҳамойиши байналмилалӣ оид ба бофандагӣ ва саноат таҳти унвони «Золотое кольцо» ба шаҳри Плёси вилояти Иваново сафар дошт. Ҳамойиш бо ташаббуси ҳукумати вилояти Иваново ва пуштибонии вазорати саноат ва савдои Федератсияи Россия баргузор гардид.

Дар ҳошияи ҳамойиши ёдшуда, 7 сентябр, Сафири Тоҷикистон бо губернатори вилояти Иваново Мен Михаил Александрович мулоқот намуд. Ҳангоми вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи сатҳи хуби муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия, кору зиндагии тоҷикистониёни муқими вилояти Иваново, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик, роҳҳои рушду нумӯи робитаҳо табодули назар карданд.

8 сентябр, дар шаҳри Иваново, дар бинои «Хонаи миллатҳо» вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ниҳодҳои гуногуни ҳукумати вилояти Иваново, роҳбари Палатаи савдо, роҳбарону намояндагони созмонҳои гуногуни миллии он вилоят, аз ҷумла роҳбарони Созмони ҷамъиятии тоҷикон, Маркази фарҳанги миллии Осиёи Марказӣ «Осиё» ва Созмони ҷамъиятии озариҳои вилоят, роҳбарияту устодони чанде аз мактабҳои олии Иваново ба вуқӯъ пайваст. Дар мулоқот роҷеъ ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Россия ва тамоюли рӯ ба инкишофи он, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми табодули мол миёни ду кишвар, будубоши тоҷикистониёни муқими вилоят, раванди донишандӯзии донишҷӯёнии тоҷикистонӣ, дӯстию бародарии миллатҳо ва ғайра сӯҳбат шуд. Зимнан таъкид гардид, ки дар қаламрави вилоят беш аз 2 ҳазор тоҷикистонӣ кору зиндагӣ дошта, Созмони ҷамъиятии тоҷикон бо роҳбарии Бобоев Илҳомҷон (ӯ ҳамзамон намояндаи ваколатдори ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Россия низ мебошад) таъсис ва бомуваффақият фаъолият дорад.

 

Ҳамчунин, худи ҳамон рӯз, дидори Сафири кишвар бо намояндагони донишҷӯёни тоҷикистонии мактабҳои олии вилояти Иваново, аз ҷумла Академияи давлатии кишоварзӣ ба номи академик Д. К. Беляев, Академияи давлатии бофандагӣ, Донишгоҳи давлатӣ оид ба химия ва технология, Академияи давлатии тиббӣ ва устодону роҳбарияти он мактабҳои олӣ доир гардид.

Дар оғоз Сафири Тоҷикистон А. Достиев донишҷӯёнро бо 21-ин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон  табрику таҳният гуфта, орзуҳои неки худро барояшон иброз дошт.

Ӯ аз аҳамияти таҳсили донишҷӯён дар хориҷа, аз ҷумла дар Россия сухан ронда, дар ин росто аз умеду орзуи волидайн  ва аҳли ҷомеа ёдовар шуд.  Сафир донишҷӯёнро даъват кард, ки дар баробари таҳсилу хубу аъло, бо таваҷҷӯҳ ба арзишу суннатҳои волои миллӣ, фарҳангу хиради тоҷикона кор гиранд ва ҳамзамон, аз дину забон ва муқаддасоти мардуми бумӣ низ эҳтиром гузоранд. Зимнан, таъкид шуд, ки маҳз рафтору гуфтор ва кирдори ҳар як тоҷик, аз ҷумла ҳар як донишҷӯи тоҷик дар хориҷи кишвар, муаррификунандаи бевоситаи фарҳангу тамаддуни оламшумули миллӣ ба шумор меравад. Тавре ӯ гуфт, «агар дар Ватан ягон нафар ягон рафтори ношояму нописанде кунад, ҳатман аз фарзанди кӣ будани ӯ ёдовар мешаванд. Дар хориҷа бошад, аз рӯи донишу аҳлоқ ва рафтори ҳар донишҷӯ ба миллат ва кишвари ӯ баҳо медиҳанд. Бинобар ин, ин нукта бояд, ки ҳамеша дар мадди назар бошад».

 

Дар вилояти Иваново бештар аз 400 донишҷӯи тоҷик дар даргоҳҳои гуногуни илмӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, барояшон шароити хуби омӯзишу будубош фароҳам оварда шудааст. Дар ин бора иддае аз донишҷӯён ҳангоми вохӯрӣ андеша ронда, дар иртибот ба масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳашон бо Сафири Тоҷикистон  табодули назар намуданд.

Донишҷӯи соли дуюми Академияи давлатии кишоварзӣ Сӯҳроб Хушвақтов аз номи ҳамаи донишҷӯёни тоҷик ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳукумату халқи тоҷик барои ғамхориву таваҷҷӯҳашон сипосгузорӣ намуда, таъкид кард, ки онҳо, яъне донишҷӯёни тоҷик, баҳри сазовор шудан ба боварӣ  пайгирона саъю талош варзида, дар оянда ҳамчун мутахассисони соҳибтаҷриба барои ободиву инкишофи Ватани азиз хизмат мекунанд.

 

Дар фарҷом, барномаи рангини консертии донишҷӯёни тоҷик бахшида ба 21-ин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

 

 
   

Новости   Контакты   Ссылки Вверх