Ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон дар Санкт-Петербург
14 Сентября 2012

 

13 сентябри соли равон, дар шаҳри Санкт-Петербург, бо ташаббуси консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ва тоҷикистониёни муқими он шаҳр 21-ин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид.

Дар чорабинӣ меҳмонони зиёде аз роҳбарияти шаҳрдории Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, намояндагии вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, хадамоти консулии кишварҳои хориҷии муқими Санкт-Петербург, созмонҳои ҷамъиятии халқу миллатҳои гуногун ва донишҷӯёну зиёиёни тоҷикистонӣ ширкат варзиданд.

Маҳфилро консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Муҳаммадназар Мирзода бо қироати шодбошҳои Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Абдулмаҷид Достиев ба унвони тоҷикистониёни ш. Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград  оғоз намуда, сипас, дар бораи таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ, густариши муносибатҳо бо кишварҳои гуногун, ба хусус равобити гуногунҷанба  ва мутақобилан судманди Тоҷикистону Россия сухан ронд.

Сатҳи баландпояи меҳмонон аз шаҳрдории Санкт-Петербург ва роҳбарияти вилояти Ленинград тоҷикистониёнро ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфта, аз комёбиҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, инкишофи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангии Тоҷикистону Санкт-Петербург ва  вилояти Ленинград, заҳмат ва саҳми муносиби  тоҷикистониён дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи он шаҳру вилоят, изҳори назар карданд.

Барои муаррифии бештари фарҳанги миллӣ, гӯшаи фарҳангӣ ташкил ва филмҳое ҳам бо оҳангу таронаҳои миллӣ ва табиати зебои Тоҷикистон намоиш дода шуданд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

 

 
   

Новости   Контакты   Ссылки Вверх