Дар шаҳри Москва, дар Кохи фарҳанги Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия, 21-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия таҷлил гардид.
Дар даромадгоҳи Кохи фарҳанги ёдшуда, гурӯҳи карнаю сурнайнавозон ва доирадастон бо оҳангу садоҳои дилошӯб меҳмонон - сафирону роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими ш. Москва, роҳбарону намояндаҳои ниҳодҳои расмии Федератсияи Россия, аз ҷумла роҳбарону кормандони вазорати корҳои хориҷии кишвари иқомат, тоҷикистониёни муқими Россия, сарварону намояндагони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониёни кишвари иқомат, кормандони расонаҳои хабариро пешвоз гирифтанд.
Дар оғоз Сурудҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия садо дода, сипас, Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Абдулмаҷид Достиев чорабиниро расман ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Сафири кишвар меҳмононро хайрамақдам гуфта, дар суханронии худ аз раванди дастёбии Тоҷикистон ба истиқлолият, аҳамияти он пас аз 11 асри бедавлатӣ, мушкилоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ёриву мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳи Мустақил (ИДМ) ва ба хусус, Федератсияи Россия хотирнишон шуд. Тавре ӯ таъкид кард, «Мо, тоҷикон, аз Иттиҳоди Шӯравӣ сипосгузорем. Мутаассифона, пас аз фурӯпошии он, ҳини касби истиқлол, ба мушкилоти зиёд дучор шудем. Аммо, хушбахтона, бо кумаку мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишварҳои дӯсту бародар, ИДМ ва махсусан, Россияи бузург мушкилиҳо паси сар шуда, имрӯз, Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҷойгоҳи муносиби худро пайдо кардааст».
Ӯ дар бораи рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, саъю талошҳои роҳбарияти ҷумҳурӣ баҳри ҳалли масоили мавҷуда, нақшаву барномаҳои созанда, се ҳадафи муҳими стратегии кишвар, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ сухан ронда, зимнан, аз бунёдкориҳо, ба хусус аз сохтмони роҳу нақб ва пулҳои гуногун ёдовар шуд ва таъкид кард, ки «қаблан, мо, танҳо як роҳ доштем – ба сӯи шимол, ҳоло бошад, мо ҳам ба сӯи ҷануб ва ҳам ба сӯйи шарқ роҳ кушодаем».
Сафир, ҳамчунин, роҷеъ ба эътироф ва ба расмият шинохта шудани Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои мухталифи дунё, муносибату равобити дипломатӣ ва роҳандозӣ гардидани ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд бо кишварҳои дуру наздик, касби ҷойгоҳи сазовори Тоҷикистон дар арсаи байналмилал, тағйироту таҳаввулоти чашмгир дар кулли соҳаҳо, бунёдкориву созандагиҳо ва иқдому ташаббусҳои мухталифи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳарф зад.
Дар бораи сиёсати хориҷии кишвар, бахусус, «сиёсати дарҳои боз» сухан ронда, ӯ, аз сатҳи хуби муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳо ва созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, таваҷҷӯҳи хос ба инкишофи муносибатҳои гуногунҷабҳа бо кишварҳои ИДМ ва пеш аз ҳама Россия, иннунин, алоқамандии доимии Тоҷикистон ба рушди равобит ва ҳамсоягии нек бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ таъкид ба амал овард.
Тавре ӯ зикр кард: «Робитаҳои миёни Тоҷикистону Россия ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ - ҳам сиёсӣ, ҳам иқтисодӣ ва ҳам фарҳангию иҷтимоӣ ва низомиро дар бар мегиранд. Боиси хушнудист, ки тайи 8 моҳи соли равон табодули гардиши мол миёни ду кишвар 16 % афзудааст. Нақшу ҷойгоҳи Россия барои Тоҷикистон аз ҷониби Президенти муҳтарами кишварамон Эмомалӣ Раҳмон, хеле хуб таъкид шудааст: Россия барои Тоҷикистон шарики стратегӣ буд, ҳаст ва мемонад».
Сипас, Андрей Иванович Денисов – муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия ҳамаи тоҷикистониёнро бо 21-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфт. Ӯ аз душвориҳо ва гирудорҳои солҳои аввали истиқлолияти Тоҷикистон, саъю кӯшишҳо ҷиҳати ба эътидол овардани авзоъ, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ибрози назар намуда, аз ҷумла зикр кард: «Маҳз хиради таърихии мардуми тоҷик бойис шуд, ки дар Тоҷикистон сулҳу субот барқарор гардад».
Ӯ, ҳамчунин, аз нақши бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд ва рушду инкишофи минбаъдаи ҷумҳурӣ ёдовар шуд.
А. Денисов аз сатҳи хуби муносибатҳои дуҷониба сухан ронда, дар бораи вохӯрӣ ва гуфтушунидҳои мунтазами президентҳои ду кишвар, аз ҷумла дидори ахири онҳо дар ҳошияи мулоқоти сарони кишварҳои ИДМ (моҳи майи соли равон дар Москва), тамосу ҳамкориҳои вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар, ба хусус, роҳбарони ин ду вазорат низ сӯҳбат кард ва гуфт: «Вазири корҳои хориҷии Россия С. Лавров пеш аз парвоз ба сӯйи Владивосток (барои иштирок дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Ҳавзаи Осиё ва Уқёнуси Ором (АТР), маро вазифадор кард, то дар ин чорабинӣ, яъне ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон иштирок намоям ва шодбошҳои ӯро ба тоҷикистониён бирасонам».
Муовини вазири корҳои хориҷӣ дар бораи инкишофи робитаҳои Тоҷикистону Россия ва имкону тавони зиёди ҳамкориҳои дуҷониба низ таъкид ба амал овард.
Пас аз он, бештар аз ду соат дастаи ҳофизону раққосон, аз ҷумла ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ноҳид Зайналпур, барандагони озмунҳои байналмилалӣ дар Италия Раҳим Боқиев (Душанбе) ва Ли Муза (аз Созмони кореягиҳои Россия), роҳбари дастаи ҳунарии «Капитан» Салоҳиддин Бобоҷонов (аз ш. Митино), овозхони хушсадо Нуралӣ Ҷӯраев (собиқ овозхони дастаи ҳунарии «Дарвеш»), сарояндаи хушсалиқа, донишҷӯи соли сеюми омӯзишгоҳи давлатии ш. Москва ба номи Гнесиних Нодири Зоҳирпур бо рақсу суруд ва навоҳои дилошӯб хотири меҳмононро шод гардонанд. Ҳозиринро, ба хусус, оҳангҳои марғуби Н. Зайналпур, таронаҳои дилангези тоҷикиву русӣ, испаниву англисии Р. Боқиев ва Н. Зоҳирпур ба ваҷд оварда, рӯйи саҳна низ оварда буд.
Як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷикистонии мактабҳои олии ш. Москва, аз ҷумла Шероз Хубоншоев, Аврангзеб Мирзоев (донишҷӯёни соли сеюми бахши коргардонӣ аз Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва ҳунарҳои зебои ш. Москва (МГУКИ), Маҳин Абдуллоева (магистранти Донишгоҳи дӯстии ҳалқҳо (РУДН), Сӯҳроб Охунов (донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи техникии алоқа ва информатикаи ш. Москва) бо барномаҳои хосу ҷолиби худ, ки аз рақсу таронаҳои миллӣ иборат буданд, хотири аҳли маҳфилро болида гардонанд.
Барои ошноии бештари меҳмонон бо фарҳангу суннатҳои миллии тоҷикӣ, дар роҳраву даҳлез ва толори Кохи фарҳангӣ намунаҳои ҳунарҳои мардумии тоҷикӣ ташкил ва анвои гуногуни либосҳои миллӣ, сӯзанӣ ва асбобҳои гуногуни мусиқӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.
Ҳамчунин, чандин номгӯйи китобу рӯзномаҳо, аз ҷумла шумораи вежаи рӯномаи ҷамъиятию сиёсии «ВВП - Провинция», ки зери унвони Номаи Истиқлол бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба табъ расида буд, ҳамроҳ бо шумораҳои ахири рӯзномаи «Тоҷикони Россия» ба меҳмонон манзур гардид.
Хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия
|